Маросими ҳаҷ яке аз рукнҳои панҷгонаи дини мубини Ислом буда, тавонмандии (иститоъати) ҷисмӣ ва молӣ шарти вуҷуб ва дуруст гардидани баргузории ин барномаи ибодӣ ва суннати иброҳимӣ мебошад. Бинобар ин, барои шинохти дурусти ҷавҳар ва моҳияти ин рукни бузурги бинои Ислом ва ҳарчи комилтар ба ҷой овардани аъмол ва маносики он китоби ҳозир пешкаши хонандагони азиз мегардад. Дар ин китоб нахуст моҳият, фалсафа, ҷанбаҳои динӣ-иҷтимоъӣ ва давраҳои гуногуни он дар тўли таърих, ҳамчунин ҳаҷҷи Паёмбари Худо (с) баён мешаванд. Сипас, аъмол ва маносики ҳаҷ бо тартиббандии тозае манзури хонанда мегардад. Пас аз он дуъоҳо ва зикрҳои муҳимме, ки дар рафти баргузории маносики ҳаҷ гуфта мешаванд ва ба дунболи он тавсияҳои зарурӣ барои шахси ҳаҷгузор зикр карда мешаванд. Дар охир баъзе истилоҳот, номҳои ҷуғрофӣ ва калимаҳои ноошно шарҳ ва тавзеҳ дода мешаванд.
Author: Абдушшариф Боқизода
Китоби "Тарбияти фарзандон" дар мавзуи тарбияти фарзанд муфид ва баёнкунандаи ҳуқуқи фарзанд ва падару модар насбати фарзанд мебошад, ва муаллиф дар таълифи китобаш аз оятҳои Қурони ва ҳадисҳои Набави истифода бурдааст.
Reveiwers: Амирҳамзаи Ҳомиди Ҳанафи
Publisher: http://www.firdavsi.com
Муаллифи ин китоб бо як маҳорати баланд ва бо амонати илми тақрибан тамоми ривоятҳое ки дар мавриди ҷоиз будан ё набудани маросимҳое ки шиъаҳо дар рузи ошуро барпо медоранд: аз мароҷиъиу олимони шиъа бароямон пешкаш кардааст. Ва ҳар инсони мусалмон хоҳ шиъа бошад ва хоҳ сунни агар бо диққат ин китобчаро бихонад аз Худованд умед дорам ки ҳақиқати ҷоиз будан ё набудани ин анъанаҳову маросимҳое ки рузи ошуро барпо мешаванд: мисли занчирзаниву синазани ва пушидани либосҳои сиёҳ, хоҳад фаҳмид.
Author: Маволи Ғуюур
Translators: Абузари Абдулло
Закот дар миёни панҷ рукни бинои Ислом яке аз се рукни муҳимтарини он ба шумор меравад, ки мавҷудият ва бақои имон ва исломи банда ба онҳо вобастагӣ дорад. Агар яке аз ин се рукн халалдор гардад ва ё аз байн биравад, имон ва исломи банда низ ба ҳамон андоза осеб мебинад ва ё комилан аз байн меравад. Калимаи шаҳодат ба манзалаи дарвозаест, ки инсон бо гуфтани он вориди бинои Ислом мегардад. Табиъист, ки бе таҳаққуқ ва мавҷудияти он, яъне бе шаҳодат додан ба ягонагии Парвардигор ва ба паёмбарии ҳазрати Муҳаммад (с) ҳеҷ гуна имоне барои банда ҳосил намешавад.
Author: Абдушшариф Боқизода
Ин китоб баргузидаи асари маъруфи олими тавонои асри XII Абузакариё ибни Шарафи Наввавӣ «Риёзу-с-солиҳин» аст. Ин асар дар робита ба муҳимтарин мавзўъҳои ҳаёти башарият аз ҳукми Худованди бузург дар Қуръони маҷид ва суннати Паёмбари Худо (с) оёт ва аҳодисро бо тавзеҳ гирд овардааст ва дар олами ислом пас аз «Сиҳоҳ»-и шашгона мақоми хос ба худ касб кардааст. Асар барои доираи васеи аҳли илм, ҷавонон ва махсусан толибилмон тавсия мешавад.
Author: Абу Закариё Аннавави
Translators: Абдулҳалим Ъорифи
Publisher: Китобхонаи "Доруссалом"
Он чӣ пеши рӯй шумо хонандаи гиромӣ аст, сӯгномаест аз даврони гумроҳӣ ва залолат, гузоришест аз зулми зулумоти даврон, дар муқобила бо озодӣ, дардномаест аз даврони ҳидоят ва васл шудан ба маҳбуб ва маъбуди ҳақиқӣ ва билохира, калимотест дар мавриди "таваллуди дубора ва зистани нав бо андешаи нав" дар паймудани роҳи саҳеҳ ва дурӯст, ки ҳамоно роҳи расидан ба маҳбуб ва маъбуд аст.
Publisher: Сомона бо забони тоҷики http://tojikislom.net.ru